Бар асари боронгариҳои моҳи ахир қабристонҳои шаҳри Хуҷанд осеби ҷиддӣ дида, танҳо дар як оромгоҳи Найсавори маҳаллаи Себзор наздики 40 қабр пурра фурӯ рафтааст.
Имрӯз, 14-уми ноябр, вақте ба қабристони мазкур рафтем мушоҳида мешуд, ки он хароб гашта, гӯрҳои зиёд фурӯ рафтаанд ва танҳо ду нафар – гӯрбони оромгоҳ ва сокини маҳалла ба рафъи зарар ва барқароркунии гӯрҳо машғул буданд.
Яке аз онҳо Ҷумъабой Қосимов, гӯрбони оромгоҳи Найсавор буд, ки “дар роҳи Худо” гӯрҳоро барқарор мекард.Ӯ гуфт, ки дар пайи боронгарӣ 40 гӯр хароб шудааст.
Вақте мо аз ӯ сабаби фурӯравии гӯрҳоро пурсидем, таърихи қадима доштан ва кӯҳна шудани оромгоҳро ҳамчун далел муаррифӣ намуд.
“Мо ин манзараро тариқи телевизиони маҳаллӣ нишон додем, то соҳибони қабрҳо аз ҳолати кор огоҳ шаванд ва омада қабрҳои назиконашонро обод кунанд. Чун бе иҷозати соҳибони қабр мо ҳақ надорем онро таъмир кунем”, - мегӯяд Ҷумъабой Қосимов.
Ӯ таъкид мекунад, ки баъди пахши гузориши телевизионӣ одамон омада, қабрҳои осебдидаи наздиконашонро обод карда истодаанд.
“То ҳол 20 гӯр обод карда шудааст ва барои пурра барқарор кардани гӯрҳои боқимонда вақт лозим аст”, - иброз менамояд Ҷумъабой Қосимов.
Мақбараҳои вазнин
Барои пайдо кардани маълумоти бештар мо Эҳсон Музаффаров, назоратичии оромгоҳи Найсаворро пайдо кардем. Ӯ мегӯяд, ки оромгоҳи Найсавор 5 обрав дорад, аммо дар боришоти зиёди борони моҳи гузашта ин обравҳо низ пур шудаву тавони партофти обро надоштанд.
Ба ақидаи Эҳсон Музаффарон ин оромгоҳ таърихи беш аз 350-сола дорад яке аз сабабҳои асосии фуруравии қабрҳо дар вазнинии онҳо аст. Ба гуфтаи ӯ санг ва хиштҳое, ки болои қабр мегузаронд бояд кам ва сабук бошанд.
“Бештари қабрҳо аз сабаби вазнинӣ осебпазир мегарданд. Масалан, барои бунёди мақбара дар баъзе қабрҳо то 600 хишти пухтаро истифода мекунанд. Ба назари ман, аз нигоҳи ислом низ ин дуруст нест. Бигзор як санги хурдакак ё аломати махсус монанд, то пайвандонашон барои зиёрат омада, гум накунанд, ҳамин кифоя аст”, - Эҳсон Музаффарон.
Тавре аз суҳбат бо масъулини ин оромгоҳ иттилоъ ёфтем ҳоло аз минтақаи “Колхози 40-солагии Октябр” барои бунёди оромгоҳ як гектар замин ҷудо карда шудааст ва бошандагони маҳаллаҳои атрофи оромгоҳи Найсавор мурдаҳои навро ба он ҷо бурда гуронида истодаанд ва номи онро Найсавори Валӣ-2 гузоштаанд.
Бино ба иттилои Қаҳрамон Ахмедов, сардори шӯъбаи маросими дафни ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар натиҷаи боронгариҳои ахир 5 - 6 оромгоҳи шаҳр зарар дидаанд ва ҳоло корҳои барқароркунӣ идома дорад.
Маҷмӯан, дар шаҳри Хуҷанд 16 оромгоҳ мавҷуд буда, аз ин сетои он қабристони ғайримусалмонӣ мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста