Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ду занро барои муноқиша ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ барои ҳафт рӯз равонаи ҳабс намудааст. Дар ин бора маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди нашри навори муноқишаи ду ҷавондухтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбат ба онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтарони дар навор инъикосгардида Гулпарӣ Юсуповаи 37-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод ва Сарвиноз Каримбековаи 20-сола истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор боздошт гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки номбурдагон бо ҳам шинос буда, 19-уми ноябри соли ҷорӣ, аз сабаби рашку ҳасад, дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Бинобар ин, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҷавондухтарон тибқи талаботи модда 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба онҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъйин карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста