Кумитаи тафтишотии Русия дар пайи сӯхтори як анбори гулҳо дар Маскав, ки дар натиҷа як тоҷик ва шаш рус ҷон бохта буданд, ду нафарро боздошт намудааст. Дар ин бора сомонаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар медиҳад.
Ба зикри манбаъ, дар пайи ин қазия мутахассиси ҳифзи меҳнат ва бехатарии сӯхтор Владимир Коновалов ва директори генералии ҶДММ “Ново Флое” Антон Мачелюк, ки бинои анбори сӯхтаро ба иҷора гирифта буданд, дастгир шудаанд.
“Муфаттишон боздоштшудагонро бозпурсӣ карда, ба онҳо мутобиқи қисми 3-и моддаи 219 Кодекси ҷиноятии Русия айб эълон карданд”, - навиштааст Кумитаи тафтишотӣ.
Ин ду нафарро бо моддаи зикргардидаи Кодекси ҷиноятии Русия то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бояд гуфт, рӯзи 20-уми ноябр дар як анбори гулҳо дар майдони “Комсомол”-и шаҳри Маскав бар асари риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ сӯхтор сар зад.
Кумитаи тафтишот мегӯяд, ҳама сабаб ва шароити руйдода муайян карда шудааст ва таъмин набудани ҳолатҳои бехатарии сӯхтор сабаби он дониста мешавад.
Дар ҳамин баробар, ВКД-и Русия хабар медиҳад, бар асари ин сӯхтор 7 нафар ба ҳалокат расида ва 7 нафари дигарро кормандони оташнишонӣ наҷот додаанд. Дар байни ҷонбохтагон аз 1 шаҳрвади Тоҷикистон ва 6 шаҳрванди Русия ном бурда мешавад. Ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон зикр нагардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста