Имрӯз, 9-уми декабр, 90-солагии Хуршеда Отахонова - академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар доираи олимону рӯшанфикрон дар Душанбе таҷлил карда шуд.
Дар ёдбуд Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, аз рӯзгор ва осори Хуршеда Отахонова ҳарф зада, нақши мавсуфро дар ин роҳ бисёр мондагор номид.

Академик Кароматулло Олимов дар ин баробар аз корҳои баанҷомрасонидаи ин олими намоён гуфта, мақоми ӯро дар пажӯҳиши забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттӣ шоён номид.
Дар ин баробар, академик Муҳаммадюсуф Имомзода хотироти хешро аз рӯзгор ва шогирдиаш дар назди Хуршеда Отахонова ёд карда, шаҳомати ӯро дар назди ҳамкорону ҳамнаслонаш махсус қайд кард.

“Институти забон ва адабиёт ҳамеша шукӯҳу шаҳомат дошт ва дар солҳое, ки муаллима Хуршеда Отахонова дар ин даргоҳ қадам мезаданд, он боз афзун мешуд. Аз будани шахсиятҳое чун Хуршеда Отахонова тамоми сару танамонро ҳаяҷон фаро мегирифт”, - гуфт академик Имомзода.
Ӯ зиндагонии Хуршеда Отахоноваро бисёр пурбаракат гуфта, пешниҳод намуд, ки рӯзгор ва осори мавсуф бояд ҳарчи зудтар мавриди таҳқиқ қарор гирад.

Ҳамзамон, дар ин ёдбуд пешниҳод шуд, ки ба хотири гиромидошти номи Хуршеда Отахонова, дар Душанбе кӯчае ба номаш гузошта шавад. Гуфта шуд, ин дархост дар наздиктарин фурсат ба шаҳрдории пойтахт ироа мегардад.
Дар ин баробар, Маҳбуба Мӯсохоҷаева, хоҳари марҳум Хуршеда Отахонова, аз замони даргузашти ӯ ёд карда, зикр намуд, ки “наметавонам, он рӯзи шуми офтобии фасли тобистонро, ки бо бераҳмии худ шодии хонаводагиямонро тира сохту дилҳоямонро сард гардонид, фаромӯш кунам”.

“23-юми июни соли 2016, ки хуршеди хандони хонадон, як пораи ҷисму ҷони мо хоҳарон - Хуршедабонуи саршор аз меҳру маҳаббат ва хислатҳои неки инсонӣ охирин маротиба сари дастурхон нишастанд”, - ба ёд овард Маҳбуба Мӯсохоҷаева.
Бояд гуфт, Хуршеда Отахонова зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд буда, 2-юми сентябри соли 1932 ба дунё омадаааст. То синфи шашум дар мактаби миёнаи ба номи Горкии шаҳри Истаравшан таҳсил кардааст ва баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд.
Гуфта мешавад, нахустин китоби тадқиқотии Хуршеда Отахонова «Абулқосим Фирдавсӣ» (соли 1960) унвон дорад. Баъдан, силсилаи китобҳои илмии Х. Отахонова бо номи «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (соли 1962), «Падидаҳои навҷӯӣ» (соли 1972), «Аз рӯйи меҳр» (соли 1972), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (соли 1983), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик», «Чеҳраҳои шинохта» (соли 2004), «Ду адиби номвар» (соли 2002), «Тадқиқи матншиносии осори адибон» (соли 2010), «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (соли 1978), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 1987), Абулқосим Лоҳутӣ «Номаҳо» (соли 2004), Пайрав Сулаймонӣ «Куллиёт» (соли 2006), Лоҳутӣ А. «Куллиёт» (соли 2010), Деҳотӣ А. «Куллиёт» (соли 1965 ҷ. 1), Суҳайлӣ Ҷавҳаризода. «Девон» (соли 1968), «Ҳусни инсон» (1975, 1984, 2016) ва ғайраҳо ба чоп расиданд.
Ёдовар мешавем, ки мавсуф бо медалҳои «Барои меҳнати шоён” ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин, «Ветерани меҳнат», сарфароз гардидааст. Барандаи Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи академик М. С. Осимӣ (2012) мебошад. Соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Олимаи соли 2006» мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста