Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дида буданд, расидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин кумак аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми қариб 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат аст.
Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии кӯмак 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, кумаки мазкур 1-уми декабр аз ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Покистон фиристода шуда буд.
Қаблан, 15-уми сентябр, ҳам кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табиии Покистон дастрас гардида буд.
Ин кӯмак низ 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор дона шифер аз иборат буда, 12,2 млн. сомониро ташкил медод.
Ёдовар мешавем, ки бар асари селхезиҳо дар Покистон 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 млн нафар захмӣ шуданд.
Инчунин, зиёда аз як миллион бинои истикоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти таъиноти гуногун ва заминҳои кишт комилан хароб гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста