Милитсияи шаҳри Душанбе аз боздошт ва ҳабси 3 қиморбоз ё онҳое, ки мардумро ба истилоҳ ба бозии “алик-малик” ҷалб мекунанд, хабар дод.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз онҳо Самандар Юнусови 27-сола, Комил Ризоеви 38-сола ва Шарофиддини Иноятшоҳи 22-сола ном бурдааст.
Гуфта мешавад, ки номбурдагон қаблан низ барои ин кирдор ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, ҷиҳати минбаъд такрор накардан, расман огоҳ карда шуда будаанд.
“Вале бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, боз ба қиморбозӣ машғул шудаанд”, - омадааст дар хабарномаи РВКД дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод мегӯяд, нисбати ин се нафар барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, 10 ва 15 шабонарӯзӣ ҳабс шуданд.
“Бо мақсади пурра решакан намудани ин кирдори номатлуб ва ба инобат гирифтани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон тавассути шабакаҳои интернетӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милистия пойтахт, дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиёти махсус роҳандозӣ гардида истодааст”, - мегӯяд РВКД дар шаҳри Душанбе.
РВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмони пойтахт даъват кардааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.
Қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ “алик-малик” падидаест, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасанд. Ташкилкунандагони он, ки маъмулан чанд нафаранд, мардумро бо ваъдаи бурди маблағ ба бозӣ ҷалб мекунанд. Онҳо ба воситаи пинҳон кардани саққо дар зери се “қуттӣ” ба чашмбандӣ машғул мешаванд.
Мақомот инро падидаи номатлуб ва ғайриқонунӣ мегӯянд ва ҳамасола чанд нафарро боздошт ва ҳабси маъмурӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста