Дирӯз, 5-уми январ, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чойхонае ба коми оташ рафт, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Тавр аз хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, сӯхтор тахминан соати 15:00 дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳ сар зада, масоҳати он 60 мерти мураббаъро фаро гирифтааст.
Неъмат Идизода, сардори хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки ин чойхона аз солҳои Шӯравӣ бекорхобида буда, фаъолият намекард ва аз сабаби он, ки бо чӯб бунёд ёфта буд, алангаи оташ зуд масоҳати зиёдро иҳота кардааст.
“Ҳоло таҳқиқот идома дорад ва сабабу омили сухтор муайн карда мешавад”, - гуфт Неъмат Идизода.
Гуфтан ба маврид аст, ки танҳо дар моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Суғд 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, 8-уми декабр, дар мактаби №51-и ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара низ сӯхтор рух дод, ки дар натиҷа, қисме аз мактаб сӯхта хароб гашт.
Пештар аз ин, рӯзи 5-уми декабр, дар шаҳри Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба коми оташ рафта буд.
Ба қавли Неъмат Идизода ин аввалин ҳодисаи сӯхтор дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли ҷорӣ будааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста