Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон бо як дастури худ бунёди биноҳои баландошёнаро дар байни хонаҳо манъ кардааст. Ӯ ҳамчунин супориш додааст, ки симои шаҳри Бохтар куллан тағйир дода шавад.
Дар ин бора Амонулло Салимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Худи Давлаталӣ Саид бошад, ба қавли муовини аввалаш, дар сафари корӣ қарор доштааст.
Ҳамин тавр, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз симои кунунии шаҳри Бохтар норозигӣ карда, ба масъулин, аз ҷумла раиси шаҳри Бохтар дастур додааст, ки он куллан тағйир дода шавад ва бунёди биноҳои баландошёна низ ба тартиб дароварда шавад.

“Тибқи дастури Давлаталӣ Саид, бунёди биноҳои баландошёна дар майдонҳои холии байни хонаҳои 4-5 ошёна манъ карда шуд. Ба ширкатҳо дигар иҷозат дода намешавад, ки дар майдонҳои холии миёни биноҳои куҳна баландошёнаҳо бунёд кунанд”, - гуфт Амонулло Салимзода.
Ҳамакнун, тибқи нақшаи генералии шаҳри Бохтар, бунёди биноҳои баландошёна дар шафати роҳҳои марказӣ бештар карда мешавад.
Гуфтан лозим аст, ки ин дастури иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон дар ҳоле содир мешавад, ки сокинон чандин сол ба ин сӯ аз бунёди баландошёнаҳо дар майдончаҳои назди бинои худ шикоят доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста