Ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро тасдиқ кард. Қарори дахлдор бо матни Тартиб дар Портали иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.
Заруратитаъсиси Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон “танзими қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии он” шарҳ дода мешавад.
Феҳрист аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди ҳукумати кишвар ҷорӣ карда мешавад.
Ба Феҳрист маълумот дар бораи қарздорон, ҳамзамон қарор дар бораи оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ворид карда мешавад.
Маълумот дар бораи қарздории мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин онҳое, ки муҳлати пардохташон аз рӯзи ҳукми қонун гирифтани ҳукми суд 3 моҳ нагузаштааст, ворид намешаванд.
Феҳрист дар шакли коғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад. Шакли электронии Феҳрист дар сомонаи Хадамоти иҷроиш ҷойгир карда шудааст.

Дар Феҳрист кадом маълумот хоҳад буд?
Феҳристи қарздорон маълумоти зеринро дар бар мегирад:
– номи пурраи қарздор – шахси воқеӣ, ҷои истиқомат, сана ва ҷои таваллуд, ҷои кор, агар маълум бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- номи қарздор - шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), суратҳисоби бонкӣ;
- рақам ва санаи оғоз намудани истеҳсолоти иҷро;
– санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор ва санаи қабули он;
– номи пурраи даъвогар – шахси воқеи, ҷои истикомати ӯ, сана ва маҳали таваллуд, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- номи даъвогар - шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), суратҳисоби бонкӣ;
– мазмуни ҳуҷҷати иҷро, ки маблағи ситонидашавандаро нишон медиҳад;
– маълумот дар бораи иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро;
– санаи аз феҳрист хориҷ намудани қарздор.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста