Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун ба Тоҷикистон омаданд, 260 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин нишондиҳанда 30,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.
Беш аз 70%-и хориҷиён аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20%-ашон аз Русия (53,2 ҳазор нафар) ба Тоҷикистон омадаанд.
Вуруди хориҷиён ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (6,7 ҳазор нафар), Чин (3,5 ҳазор), Туркия (2,3 ҳазор), Афғонистон ва Эрон (1,2 ҳазор нафарӣ) ба қайд гирифта шудааст. Миқдори нисбатан ками вуруди шаҳрвандони хориҷӣ (камтар аз 1 ҳазор) аз дигар кишварҳо низ сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд, 812,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 38,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.
Дар ҷумҳурӣ 185 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.
Ҳамчунин дар кишвар 27 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 5 осоишгоҳ ва лагерҳо баро кӯдакон, 52 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд. Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста