Подполковник Дилмурод Шодизода, ки як зани сокини шаҳри Хуҷанд ӯро ба таммаъҷӯӣ ва таҷовуз ба номус гунаҳкор карда буд, аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд озод карда шуд.
Як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки ӯро барои "суистифода аз вазифа" аз кор озод кардаанд.
Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 19-уми июн барканории афсари баландпояро тасдиқ карда, вале гуфтааст, "тасмим ба даъвои сокини Хуҷанд Шаҳло Давлатова рабт надорад".
"Подполковник ҳоло дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст ва сарнавишти баъдияш маълум нест," - афзудааст ӯ.
Мақомот барканории Шодизодаро аз мансаб расман шарҳ надодаанд.
Ёдрас мекунем, ки сокини шаҳри Хуҷанд Шаҳло Давлатова изҳор дошта буд, ки муфаттиши ШВКД Дилмурод Шодизода аз ӯ 30 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Номбурда ҳамчунин ӯро бо он гунаҳкор мекунад, ки дар кабинеташ ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.
Навори видеоии муроҷиати зан моҳи май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Ба гуфтаи Шаҳло Давлатова, охири соли гузашта ӯ барои даст доштан дар амалиёти ғайриқонунии марбут ба асъор боздошт ва ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд. Бо назардошти кӯдаки хурдсол доштанаш, иҷрои ҳукми суд ба муҳлати чор сол ба таъхир афтод.
Худи Дилмурод Шодизода он замон гуфта буд, дарвоқеъ ҳам тафтиши парвандаи Шаҳло Давлатоваро дар зимма дошт, лекин иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва дастдарозиро беасос донист.
Дар ҳамин ҳол, ВКД изҳороти Шаҳло Давлатоваро “бардурӯғ” унвон кард. Ин ниҳод бо нашри раддия дар сомонааш навишт, ки “Давлатова Шаҳло Шералиевна ба хотири худро ҷабрдида ва бегуноҳ вонамуд кардан, бе ягон далел ба подполковники милитсия. тӯҳмат намудааст”.
Бо вуҷуди ин, Агентии мубориза бо коррупсия тафтиши худро оғоз намуда, дар доираи он охири моҳи май вохӯрии рӯбарӯи Дилмурод Шодизода ва Шаҳло Давлатова ташкил карда шуд.
Манбаъ аз ифшои дигар ҷузъиёт худдорӣ варзида, танҳо изҳор дошт, ки бозпурсиҳо ва вохӯриҳои рӯбарӯ дар видео сабт шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста