Дар бозори молҳои маишии “Қубод”-и ноҳияи Қубодиён субҳи имрӯз, соати 04:50 дақиқа сӯхтор сар зад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ хабар доданд, оташ ба сурати умум майдони 655 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
“Оташ майдони 655 метри мураббаъро, ки дар он иншооти савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир буданд, фаро гирифт. Бо сафарбар гардидани захираҳои иловагӣ сӯхтор то соати 07:05-и субҳ пурра хомӯш карда шуд”, - гуфт манбаъ.
Айни замон гурӯҳи корӣ сабабҳои сар задани сӯхтор ва зиёни расида ба иншоотро таҳқиқ мекунад. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
“Интизорӣ дорем, ки пас аз анҷоми кори гурӯҳ аз онҳо маълумоти дақиқ ва ҷузъиёти ҳодисаро дастрас мекунем”, - гуфтанд дар хадамот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста