Имрӯз, 5-уми июл, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт. Сарвари давлат сафари худро аз ноҳияи Айнӣ оғоз карда, дар ин ноҳия Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, Беморхонаи минтақавӣ, Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол ва майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.

Тавре хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, субҳи имрӯз нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” оғоз бахшид.

Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

“Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд”, - омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад.

Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон - “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” сурат мегирад. Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи шарқӣ” дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Иттилоъ дода шудааст, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила - истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад.

Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад.

1/5

Ҷои кор барои табибон ва шароити табобат барои беморон

Инчунин, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ намудааст.

Гуфта мешавад, корҳои бунёдӣ дар бинои ин беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи ҳукумати вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян мавриди истифода қарор дода шуд.

“Муассисаи навбунёди тандурустӣ дорои 2 ошёна ва таҳхона буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад. Беморхона дорои 90 ҳуҷра аст, ки дар онҳо шароити арзандаи кору фаъолият ва хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст”, - зикр мекунад хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Инчунин, дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва дигар технологияи муосири ташхису табобат имкон медиҳад, ки ба сокинон хизматрасонии босифати тиббӣ расонида шавад.

Дар беморхонаи тозабунёд барои ба табобат фаро гирифтани беморон 45 кати хоб мавҷуд аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави беморхонаи минтақавӣ шумораи кормандон аз 35 ба 80 ва қабули беморон бошад, ба 100 нафар расид.

1/5

Имконият барои варзишгарони ноҳия

Ба иттилои хадамоти матбуот, инчунин субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ “Қасри паҳлавонони суғдӣ” ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуд.

“Дар бинои навсохти “Қасри паҳлавонони суғдӣ” барои ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан, аз ҷумла гуштини миллӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Толори варзишии болопӯшида барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ мувофиқ аст”, - менависад манбаъ.

Дар шафати толори варзишии болопӯшида ҳамчунин, майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр сохта шудааст.

Гуфта мешавад, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Айни 63 майдонча ва 25 толори варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2022 варзишгарони ноҳияи Айнӣ бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 10 медали тилло, 16 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гарданд.

1/5

Парафшонии парчами 35-метра

Дар идомаи сафари корӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, парчамро парафшон намудааст.

Ба гуфтаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншоот дар масоҳати 1000 метри мураббаъ аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва соҳибкори ватандӯст Шаҳбоз Қодиров бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонию ободониро дар иншоот мутахассисони ҶДММ “Зарафшонсохтмон” дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва тарҳи муосир анҷом додаанд.

“Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Урметан дар умум бо таҳкурсиаш 35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад”, - таъкид мекунад манбаъ.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат меафзояд, ки роҳравҳои майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масофаи зиёда аз 400 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, дар он суҳбаткада ва нишастгоҳҳо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Деворҳои атрофи иншоот бо истифода аз нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Бо мақсади таъмини рушноӣ дар ҳудуди майдони Парчами давлатӣ чароғаҳо насб гардида, шабона ба зебоии мавзеъ зиннат мебахшанд.

Инчунин, дар идомаи сафари худ дар ноҳияи Айнӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро пас аз таҷдиду азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода, дар барномаи фарҳангӣ иштирок намудааст.

Сафари сарвари давлат ба вилояти Суғд идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.