Муовини Вазири Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир Лео Докерти ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Мо бо ӯ суҳбате оростем - оид ба масъалаҳои муҳим дар сиёсати ду кишвар.
Сафари Докерти ду рӯз давом дошт - 3-4 июл. Ин сафар имкон дод, ки равобити дуҷониба таҳким ёбад ва ҳамчунин масъалаҳои амният, тиҷорат ва иқлим баррасӣ шаванд.
Зимни сафар вазир бо як қатор мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот анҷом дод. Дар рафти вохурӣ бо Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ӯ муносибатҳои дуҷониба, тағйирёбии иқлим ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро(ВМКБ) дар баробари масъалаҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва амният, аз ҷумла ҷанги Русия дар Украина ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуд.
Вазир Докерти ҳамчунин бо Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазир барои боздид аз сарбанди Норак мулоқот кард ва дар он бори дигар аз ӯҳдадории Британияи Кабир барои дастгирии рушди нерӯи таҷдидшавандаи Тоҷикистон ва ӯҳдадориҳои он ба амнияти об ва мубориза бо тағирёбии иқлим таъкид кард.
Вазир Докерти бо муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода низ мулоқот карда, ба сарбанди Норак сафар кард ва омодагии Британияи Кабирро барои дастгирии рушди нерӯи таҷдидшавандаи Тоҷикистон, амнияти об ва мубориза бо тағирёбии иқлим таъкид намуд.
Вазир бо фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бар зидди терроризм ва дифоъ сӯҳбат кард.
Ӯ инчунин оид ба даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябри соли 2022, ки боиси марги чандин нафар шуд, изҳори ҳамдардӣ карда ба аломатгузории минбаъдаи марз бо Қирғизистон ташвиқ намуд.
Вазир ҳамчунин мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор кард ва бори дигар омодагии Британияи Кабирро барои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон таъкид намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста