Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе хизматчии ҳарбӣ - иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Рустам Мирсалимовро барои қаллобӣ 10 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.
Дар ин бора Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.
Ин ниҳод менависад, ки Рустам Мирсалимов аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб додааст. Зарари расида 689 ҳазору 493 сомонӣ мебошад.
Тибқи иттилои Додситонии кулл Рустам Мирсалимов ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, худро ҳамчун намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ кормандони боғчаро гумроҳ месозад, ки “гуё аз ҳисоби ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кӯмакҳои башардӯстона дастрас шудааст, агар хоҳишмандон барои гирифтани кӯмак ниёз дошта бошанд, метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд”.
“Кормандони кӯдакистон аз мақсадҳои ғаразноки Мирсалимов Р.О. хабардор набуда, ба суханони бардурӯғаш бовар карда, дар маҷмуъ 6793 сомонӣ маблағи пулиро ҷамъ оварда, ба вай додаанд. Номбурда ин маблағро гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст”, - менависад Додситонии кулл.
Рӯзи 2-юми октябри соли 2022 бошад, Мирсалимов бо либоси низомӣ ба бозори “Меҳргон” рафта, ба соҳибкор Абдураҳимов М. худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ мекунад ва бо роҳи фиреб аз соҳибкор 400 халта ордро, гӯё барои ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим кардан, мегирад. Ваъда медиҳад, ки баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.
“Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст”, - зикр мекунад Додситонии кулл.
Ҳамин тавр, Рустам Мирсалимов 29 нафари дигарро низ фиреб намуда, маблағи онҳоро азхуд кардааст.
“Бо мақсади руёнидани товони зарари ба шаҳрвандон ба маблағи 570 ҳазору 654 сомонӣ расонида зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мирсалимов Р.О. дар як вақт аризаи даъвогии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе баррасӣ ва қонеъ карда шуд”, - хабар медиҳад Додситонии кулл.
Ёдовар мешавем, ки ин бори аввал нест, ки командони мақомоти қудратии кишварро баро қонуншиканӣ муҳокима ва зиндонӣ мекунанд. Тибқи иттилои Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2022 барои худсарона иҳотагирӣ ва боздошт намудани шаҳрванд, ки миёни мардум бештар чун “облава” машҳур аст, нисбати дастикам 9 корманди Комиссариати ҳарбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста