Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷикро бо ҷурми нави “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад, ки мурофиа рӯзи 10-уми июл таҳти раёсати додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст. Наздикони адвокати зиндонӣ гуфтаанд, мурофиа бидуни ҳузури онҳо гузашт.
Мақомот дар бораи мурофиа ва ҳукм расман иттилое надодаанд.
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули бунёди “Бузургмеҳр” ба ин расона гуфтааст, ки ҳукм “бераҳмона” аст.
“Махфӣ баргузор кардани мурофиа як туҳмат ва бо зӯр таҳмил кардани ҷурме аст, ки Бузургмеҳр накардааст. Бузурмеҳр адвокат надошт ва азбаски мурофиа пӯшида гузашт, аз ҷузъиёти мурофиа хабар надорем. Хабаре, ки дастрас кардем ин аст, ки аз ин 10 соли зиндон 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 8 соли боқимондаро дар маҳбаси Ёвон адо хоҳад кард”, - афзудааст Ҷамшед Ёров.
Гуфтан ба маврид аст, ки алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” парвандаи нави қаллобӣ кушода буданд. Ҳасан Ҳасанов даъво кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.
Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон даъвои Ҳасан Ҳасановро тӯҳмат номида буд.
Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.
Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста