Хонаҳои аз заминларзаи моҳи март харобгашта дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то 1-уми август пурра барқарор карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикситон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ахиран ҷаласаи Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида, зимни он раванди корҳои барқарорсозии хонаҳои зарардида баррасӣ гардидаанд.
Дар ҷаласаи Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода зикр шудааст, ки дар айни замон корҳои барқарорсозии пайомадҳои заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли 2023 идома дорад.
“Маводи ғизоӣ, маводи сохтмон ва ҷуброни пулии ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолии зарардида расонда шуд”, - таъкид шудааст дар хабар.
Хайрулло Бобозода, раиси Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода ва раиси ин ноҳия ба роҳбарони дахлдор супориш додааст, ки суръати корҳои сохтмон ва таъмири биноҳои зарардида дар заминларза тезонида шуда, то 1 августи соли 2023 ҳамаи ин корҳо пурра ба анҷом расонда шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи 23-уми марти соли равон дар ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 219 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, аз ин 4 хона пурра ва 53 хона қисман хароб шуда буд.
Инчунин, заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли равон ба хонаҳои истиқоматӣ дар ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт низ зарар расонид. Коргурӯҳи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода маълум кард, ки дар ин ноҳия 53 хонаи истиқоматӣ зарар дида, аз ин 31 хона қисман хароб шуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста