Шурӯъ аз 1-уми август дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ин тасмим дар мувофиқа бо волидон, муассисаҳои таълимӣ ва бонкҳои кишвар гирифта шудааст.
“Айни ҳол ин раванд танҳо дар шаҳри Душанбе ҷорӣ карда шудааст ва дар ояндаи наздик низ қарор аст, дар дигар минтақаҳои кишвар ҳам маблағи иҷораи китобҳои хонандагон тариқи ғайринақдӣ пардохт карда шавад”, - афзуд сухангӯи вазорат.
Гуфта мешавад, иқдоми мазкур дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва Фармони Президенти Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” амалӣ мешавад.
Барои тадбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф "Амонатбонк", "Шаҳри ҳушманд (Smart city)", "Имон Интернешнл", "Бонки Байналмилалии Тоҷикистон", "Ҳумо", "Душанбе сити Бонк", "Бонки Эсхата" ва "Тавҳидбонк" замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
Бояд гуфт, ки моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон пардохти нақдии андоз, боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои муздноки давлатиро манъ кард.
Тибқи ин фармон, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд - хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста