Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои тозаеро алайҳи чандин мақомдори баландпояи гурӯҳи Толибон* ҷорӣ кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ" хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин шӯро рӯзи панҷшнбе, 20-уми июл, бо нашри эъломиzе гуфтаааст, ки Абдулҳаким Ҳаққонӣ - раиси додгоҳи олии Толибон, Абдулҳаким Шаръӣ - вазири адлия ва Мавлавӣ Ҳабибулло - сарпарасти вазорати маорифи Толибонро ба далели нақшашон дар “маҳрум кардани духтарон аз омӯзиш, таҳсил ва ҳуқуқи баробар бо мардон” таҳрим кардааст.
“18 нафар (ба шумули аъзои Толибон) ва 5 ниҳод ба далели масъулияти онҳо дар мавриди нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Афғонистон, Судони ҷанубӣ, Африқои марказӣ, Украина ва Русия таҳти таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтанд”, - омадааст дар эъломияи ин шӯро.
Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки “дар кишварҳои зикршуда ғайринизомён ба таври системавӣ мавриди хушунат қарор мегиранд ва афроде, ки ба тозагӣ таҳрим шуданд, аз маҳдудитҳо ба унвони абзоре барои эҷоди ваҳшат истифода мекунанд”.
Ҳамчунин, Иттиҳоди Аврупо алайҳи 12 нафар ва 5 ниҳоди нақзкунандаи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Русия маҳдудият ҷорӣ кардааст.
Толибон то кунун дар мавриди ин маҳдудияти Иттиҳоди Аврупо вокунише нишон надодаанд.
Дар маҷмӯъ, дар саросари ҷаҳон 61 нафар ва 20 ниҳод то кунун таҳти таҳримҳои ҳуқуқи башарии Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, таҳримшудагон дар маърази масдудшудани дороиҳо ҳастанд ва ҳар гуна муомила бо онҳо мамнуъ буда, онон наметавонанд вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Соли гузашта блогерони Тоҷикистон ҳудуди $2,5 млн даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста