Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар як нишаст дар Душанбе пешниҳод кард, ки 100-солагии китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ дар ЮНЕСКО таҷлил карда шавад.
Фарҳод Раҳимӣ гуфт, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.
“Ин китоби устод Айнӣ соли 1926 таълиф шудааст ва мо пешниҳод мекунем, то соли 2026-ум он ба Феҳристи ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шавад”, - гуфт президенти АМИТ.
Ӯ дар идома таъкид кард, ки “китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” шиносномаи миллати тоҷик аст ва ҷашни 100-солагии он барои миллату давлати мо ифтихоровар мебошад”.
“Он замон дар Осиёи Миёна як гурӯҳе пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷиконро инкор мекарданд. Ин китоби устод Айнӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард ва заминаи бунёди давлати тоҷикон гардид”, - афзуд Фарҳод Раҳимӣ.
Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ соли 1926 рӯи чоп омада, дар он дар бораи беш аз 300 шоири тоҷик сухан гуфта шудааст.
Ҳамаи он шоирон бо тахаллусҳои Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва дигар манотиқи муқимии тоҷикон шеър эҷод мекарданд ва ҳазорсолаҳо қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста