Имсол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара мегузаронад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, ки имсол “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи ҷумъаи 1-уми сентябр баргузор мешавад ва қарор аст, ки дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара бинои нави донишгоҳро расман ифтитоҳ кунад.
“Сараввал раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба истифода дода, баъдан бо омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи олӣ мулоқот мекунанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар ҳам ширкат мекунад.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон яке аз донишгоҳҳои навтаъсис буда, дар шаҳри Данғара воқеъ аст.

Ин муассисаи олӣ соли 2016 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст, 3 факултет дорад ва ҳудуди 2 ҳазор нафар донишҷӯён дар риштаи тиб ин ҷо таҳсил мекунанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола Рӯзи дониш - 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 “Дарси сулҳ”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста