Имрӯз, 8-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба чанд корманди мақомоти қудратии кишвар рутбаи генерал-майор ва “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, онҳо хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Оҷонсии зиддифасод Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон мебошанд.
Аз ҷумла, Файзулло Нозимзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД соҳиби рутбаи ҳарбии генерал-майори милитсия шуданд.
Ҳамчунин, се муовини додситони кулли Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода, Мирзоамон Рофизода ва Икром Зоирзода, ки ҳамзамон Сарпрокурори ҳарбии кишвар аст, соҳиби рутбаи дараҷавии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, ки дар ин сохтор ба ҳадди генералӣ аст, соҳиб шуданд.
“Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани рутабҳо.
Ӯ афзудааст, ки ҳукумат хизматҳои онҳоро қадршиносӣ намуда, онҳоро бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро мегирад.
Қаблан, дар моҳи феврали соли равон низ як қатор кормандон мақомоти қудратӣ соҳиби рутбаи ҳарбии генерал шуда буданд.
Аз ҷумла, Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандар, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон, Суҳроб Рауфзода, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД уртбаи генералӣ гирифта буданд.
Манбаъ менависад, ки дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.
Он замон гуфта нашуда буд, ки ба чанд нафар рутбаи генералӣ дода шуд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста