Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи душанбеи 11-уми сентябр барои хонандагони синфҳои аз 5 то 11 ва донишҷӯён рӯзи дарсӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид агар таҷлили ҷашн ба рӯзи истироҳатӣ рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон карда мешавад.
Дар асоси ин, рӯзи 9-уми сентябр, ки истироҳатӣ буда, ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҷлил мешавад, рӯзи 11-уми сентябр истироҳатӣ аст.
Вале Вазорати маориф ва илм бо нашри як иттилоия дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” хабар додааст, ки дар асоси қонун дар бораи рӯзҳои ид, танҳо рӯзи 9-уми сентябр рӯзи истироҳатӣ буда, рӯзи 11-уми сентябр фақат муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) истироҳат мекунанд.
“Машғлиятҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 ва донишҷӯён тибқи тартиб ба роҳ монда мешавад”, - гуфтааст Вазорати маориф ва илми кишвар.
Бояд гуфт, ки рӯзи шанбе барои хонандагони синфҳои болоӣ – аз 5 то 11 ва донишҷӯён рӯзи дарсӣ мебошад. Аз рӯи ин, онҳо танҳо рӯзи шанбе, ки дасрӣ аст, итсироҳат мекунанд ва рӯзи душанбе бо тартиби маъмулӣ ба даср мераванд.
Ҳамин тариқ, сокинони Тоҷикистон имсол дар ҷашни Истиқлолти давлатӣ 3 рӯз - 9, 10 ва 11 сентябр пайиҳам истироҳат мекунанд.
Ёдовар мешавем, мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат эълон мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста