Рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр қисме аз манотиқи Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 11 – 13-уми сентябри соли ҷорӣ бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб (дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 18-23м/с) дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон (асосан дар ноҳияҳои ҷанубӣ), шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки дар ин рӯзҳо баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) ва заррачаҳои андозаашон то 10 мкм (Рм-10) дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа паст мешавад, вале бебориш боқӣ мемонад.
Сифати ҳаво ҳоло дар Душанбе номусоид аст.
Индекси сифати ҳаво нишондиҳандаест, ки то чӣ андоза тоза ё олуда будани ҳаво дар як минтақаи муайянро нишон медиҳад. Миқёс аз 0 то 500 воҳид аст ва ба шаш категория тақсим мешавад: аз хуб то хатарнок.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар огоҳӣ медиҳад, ки беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса худро эҳтиёт кунанд. КҲФ инчунин зарурати зуд-зуд тар тоза кардани биноҳо ва дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро тавсия медиҳад.
Дар ҳолати рух додани ҳолати изтирорӣ ба рақами 112 ё маркази вокуниши фаврӣ занг занед: -223-13-11, 93 880 28 19.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста