Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 20-уми сентябр, дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок карда, оид ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, тағйирёбии иқлим суханронӣ намуд ва оташзании Қуръонро маҳкум кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба шароити ҳассоси имрӯза таъкид кардааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамгироӣ ва эътимод ниёз дорад.

“Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд”, - гуфтааст сарвари давлат.

Ҳамзамон бо ин, оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим - гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин камобӣ ва гуруснагӣ ба аҳли башар хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Раисҷумҳури кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд ва яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда ва 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

“Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ба таъкиди сарвари давалат амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд.

“Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст”, - ишора намудааст президент.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд.

Раисҷумҳури кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонад.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар ду соли охир аз қаламрави Афғонистон гуфтааст, ки дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.

Ба гуфтаи президенти кишвар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор мегардад.

Дар идомаи суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ба масоили арзишҳои динӣ таваҷҷуҳ карда, таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд.

“Мо чунин мешуморем, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад. Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад”, -таъкид намудл Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз номзадии Тоҷикистон ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои 2028-2029 дастгирӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.