Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар тоҷикистониёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки имрӯз, 5-уми октябр таҷлил мешавад, табрик гуфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Сарвари давлат гуфт, забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.
“Мо ифтихор дорем, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки “донистани забони модарии худ нишонаи эҳтиром ба миллат, модар, Ватан, ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ” аст.
Раисҷумҳур қайд кард, ки сатҳи забондонии наврасону ҷавононе, ки дар озмунҳои гуногун иштирок мекунанд, хеле хуб ва рӯҳбаландкунанда аст. Ӯ инчунин хостори пуштибонӣ аз ин падида ва фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтар барои ҷавонон шуд.
Дар хотима Президент таъкид кард, ки азхуд кардани забони давлатӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ унсурҳои асосии ҳамгироӣ бо тамаддуни ҷаҳонӣ ва рушди илмҳои муосир мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки забони тоҷикӣ ҳамчун ганҷи гаронбаҳои миллӣ ва рамзи фарҳангу маънавиёти мардуми тоҷик ҳифз карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол инҷониб 5-уми октябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад. Аз соли 1989 то 2009 Рӯзи забон 22-юми июл ҷашн гирифта мешуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста