Дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.
Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артишро дар рӯзи аввали ин маърака пурра иҷро кардааст.
Дар вилояти Хатлон то ин замон беш аз 60 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.
Вилояти Суғд бошад, давоми 10 рӯзи аввал 43 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардааст.
Дар шаҳри Душанбе давоми 10 рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш 45 дарсади нақша иҷро шудааст.
Шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бошанд, давоми даҳ рӯзи аввал 65 дарсади нақшаро иҷро кардаанд.
Бояд гуфт, ки нақшаи даъват ба артишро дар рӯзҳои аввал якҷо бо ВМКБ чандин шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, ноҳияҳои Рашт, Фархор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ пурра иҷро намуданд.
Вазорати дифоъ меннависад, ки дар умум, давоми 10 рӯз нақшаи даъват дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра иҷро шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми октябр шуруъ шуда, то 30 ноябр идома меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста