Дар 9 моҳи соли равон 2 миллиону 513 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа рафта ва беш аз 1 милиону 27 ҳазор сайёҳону меҳмонон ба кишвари мо ворид шудаанд. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди шаҳрвандоне, ки аз кишвар ба хориҷи мамлакат рафтанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485,2 ҳазор нафар ё қариб 24 дарсад зиёд мебошад.
“Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар аз ҷумла хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра 1 милиону 27,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,9 ҳазор нафар ё 18 дарсад афзудааст”, - хабар додааст Агентии омор.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ин шумора 802,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад зиёд мебошад.
Теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлаптҳои Мустақил мебошанд.
Дар ҷои аввал Ӯзбекистон бо теъдоди 664,8 ҳазор нафар, ҷои дуюм Русия бо теъдоди 248,1 ҳазор нафар қарор доранд ва Қазоқистон бо касби 24,9 ҳазор нафар ҷои сеюмро ишғол менамояд.
Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 870,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, ки аз ин теъдод 685,3 нафарашон чун сайёҳ ба қайд гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин давраи соли 2022 низ шаҳрвандони Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон дар сархати аввали меҳмонону сайёҳони Тоҷикистон қарор доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста