Пагоҳ, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар мекунад. Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад. Ҷузъиёти бештари ин сафар ҳоло маълум нест.
Дар робита ба ин, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз 14 то 16-уми ноябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз роҳҳо маҳдуд карда мешавад.
Санаи 14-уми ноябри соли 2023, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдулоев - Б. Ғафуров - Фотеҳ Ниёзии шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Б.Ғафуров - кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ғафуров - кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров - Ҳоҷӣ Кенҷаев - Рӯзибой Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон, ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.
Санаи 15-уми ноябри соли 2023, дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ - Фирдавсӣ - 25- солагии Истиқлолият - Р. Ҳоҷиев - роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ, ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров - кӯчаҳои Раҳим Ҷалил - Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад.
Санаи 16-уми ноябри соли 2023, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ - Б. Ғафуров - Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ин ниҳод, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста