Субҳи имрӯз, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард.
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон пешвоз гирифтанд.
Дирӯз як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанду Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад.
Дар робита ба ин, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз 14 то 16-уми ноябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ - Б. Ғафуров - Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, ин ниҳод, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста