Дирӯз, 21-уми ноябр, аз ҷониби кормандони мақомот таблоҳои кӯчаю бозорҳои шаҳри Хоруғ санҷида шуда ва ба онҳое, ки қонуни забони давлатиро нақз кардаанд, огоҳӣ дода шудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, санҷиши дирӯзаро гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси шаҳр ва мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ гузаронидаанд.
Ин санҷиш аз бозори марказӣ то бозори 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғ гузаронида шудааст.
“Дар рафти санҷиши гурӯҳи корӣ аз навиштаҷоти шиору овезаҳо ва номгузории мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дигар марказҳои хидматрасонии маишӣ маълум гардид, ки бархеи онҳо ба талабот ва муқаррароти Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мувофиқат намекунад”, - менависад рӯзномаи ҳукумати шаҳри Хоруғ.
Манбаъ меафзояд, ки барои бартараф кардани камбудҳо ва риоя намудани қонуни забони давлатӣ бо соҳибони марказҳои хидматрасонии маишӣ огоҳӣ додаанд.
Қаблан низ гурӯҳи корӣ барои бартараф кардани нуқсоноти забонии марказҳои хидматрасонии маишӣ санҷиш гузаронидаанд. Дирӯз маълум шудааст, ки онҳо нуқсоноти забонии таблоҳои худро ислоҳ кардаанд ва “ба талабот ҷавобгӯ шудааст”.

Гуфта мешавад, ки санҷишҳои гурӯҳи корӣ барои риоя кардани қонуни мазкур идома дорад.
Бояд гуфт, ки нақзи қонуни забони давлатӣ дар табло яке аз масъалаҳои мубрами саросари кишвар буда, аз ҷониби фаъолони ҷомеа борҳо ин мушкил нақд шудааст.
Барои риоя накардани қонуни мазкур моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Риоя накардани талаботи Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”) ҷарима таъин кардааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда мебошад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҳам ниҳодест, ки риояти Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро назорат мекунад ва қариб ҳамасола аз сӯи ин кумита рейдҳо гузаронида мешавад.

Аз ҷумла, соли 2022 даҳҳо соҳибкори тоҷик барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур то 1 ҳазору 360 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Аммо ҳамоно ин камбуд комилан бартараф нашудааст ва таблоҳои ҳатто шаҳри калонтарини кишвар - Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ғалатҳо доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста