Чанде аз рӯзноманигорон аз дастрас нашудани иттилои зарурӣ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон нигаронӣ карданд. Ин нигаронӣ дар як ҳамоиш, ки бо номи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ” баргузор шуд, баён гардид.
Ин ҳамоиш, имрӯз, 28-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз сӯи созмони ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии “ACTED” баргузор шуд.
Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, махсусан, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи андоз, Агентии омор, шарикони байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.
Дар ин чорабинӣ бахше аз фаъолияти “Хома” дар самти ислоҳоти андоз ва андозбандӣ ва механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва мусоидати мақомоти давлатӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа баррасӣ шуд.
Аксари ширкаткунандагон муҳим будани ҳамкории мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд бо ВАО ва ҳамин тариқ, бо ҷомеаи шаҳрвандиро зикр каранд.
Аз ҷумла, Ян Севера, директори ташкилоти байналхалқии “ACTED” дар Тоҷикистон гуфт, рушди рӯзноманигории иқтисодӣ барои барномаи “EGED” муҳим аст ва мақсади асосии ин барнома ҳам рушди ин бахш ва ҳамин тариқ, тавассути нашри мақолаҳо баланд бардоштани даркӣ аҳолӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст.
Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андо зикр крад, ки мақомоти андоз ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст ва онҳо ҳавасманданд, ки тавассути мақолаву гузориши онҳо ҷомеа дар бораи ислоҳотҳои андоз, ки дар кишвар ҷорӣ мешавад, огоҳ бошанд.

Соима Муҳаббатова, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва дороро ҳамчун камбизоат навиштан дар баъзе ҳолатҳо ҷой дорад ва маҳз рӯзноманигорон ҳастанд, ки ин камбудиро ошкор ва мақомот паси ислоҳи он мешаванд.

Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз гуфт, ки баъди муроҷиати зиёди рӯзноманигорон, дар сомонаи расмии Кумитаи андоз бахши “Омор” кушода шуд, ки бархе рақамҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла шумораи соҳибкорон, шумораи соҳибкорони қарздор, онҳое ки эъломияи худро электронӣ месупоранд ва ғайра ҷой дода шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста