Як сокини пойтахт зани 21-соларо, ки бо қасди худкушӣ худро аз ошиёнаи 7 овезон карда буд, наҷот додааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса дирӯз, 27-уми декабр, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷавондухтари 21-сола, ки аз тирезаи ошиёнаи 7-ум қасди худкушӣ дошт, аз ҷониби Мавлюда Ризоева, сокини бинои мазкур наҷот дода шудааст.
"Дар натиҷаи пешбурди як қатор коркардҳои оперативию тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷавондухтари мазкур тарзи ҳаёти носолимро пеша намуда, бо волидайн ва собиқ шавҳараш нофаҳмиҳо доштааст", - менависад РВКД.
Аз ҷумла, санаи 27-уми декабр, дар натиҷаи нофаҳмиҳо бо собиқ шавҳараш Ғафурзода Қиёмиддин Саиди 21-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, номбурдаро ба суроғаи кӯчаи С.Айнӣ, ки дар он ҷо ба ҳайси усто фаъолият мекард, бурда, мавриди азобу уқубат қарор додааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста