Ду омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) барандаи ҷоизаҳои “Беҳтарин муҳаққиқ” ва “Беҳтарин корманди илмӣ”-и давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 эълон шудаанд. Дар ин бора шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Мавлуда Асророва - номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи магистратура, омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии ДДҲБСТ миёни олимони кишварҳои узви ИДМ “Беҳтарин корманди илмӣ - 2023” дониста шудааст.
“Асророва дар лоиҳаи байналмилалӣ бо пешниҳоди мақолаи илмӣ миёни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики узви ИДМ ширкат карда, ба дипломи дараҷаи I, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома соҳиб гардид”, - омадааст дар хабар.
Ҳамзамон, Аълохон Бобозода - омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ байни муҳаққиқони давлатҳои аъзои ИДМ сазовори ҷоизаи “Беҳтарин муҳаққиқ - 2023” гардидааст.

Ин дастовардро омӯзгор бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шудааст. Ба Бобозода дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шудааст.
Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн иштирок карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста