Зулфия Давлатзода аз курсии вазири фарҳанги Тоҷикистон барканор гардид ва Матлубахон Сатториён вазири нави фарҳанг муаррифӣ шуд. Дар ин бора ду манбаъ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, субҳи имрӯз, 29-уми январи соли 2024, Матлубахон Сатториён, ки то ин замон ба ҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият дошт, ҳамчун вазири нави фарҳанг муаррифӣ шудааст.
Дар ин бора хабари расмӣ то ҳол дар сомонаи Президенти Тоҷикистон ва АМИТ "Ховар" интишор нашудааст.
Бояд гуфт, Матлубахон Сатториён аз моҳи ноябри соли 2020 ҳамчун муовини сарвазири Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Ӯ 52-сола ва номзади илми филология мебошад.
Зулфия Давлатзода чор сол вазири фарҳанги Тоҷикистон буд: ӯ 24 январи соли 2020 ба ин курси нишаст.

Ба гуфтаи ду манбаи мо, сабаби аз вазифа рафтани Зулфия Давлатзода “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале то ба ҳол курсии нави ӯ маълум нест.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар Вазирати фарҳанги Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, вале Зулфия Давлатзода дар он ширкат надошт. Ин нишастро муовини аввали вазир Обид Назариён пеш бурд ва ба саволҳои журналистон посух дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста