Рӯзноманигорон ва блогерони зиндонии тоҷик дар мулоқот бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон танҳо як дархост кардаанд ва он ҳам бозбинии парвандаашон будааст.
Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ки шахсан бо рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ, дар зиндони маъруф ба “1-ум Совесткий” мулоқот ва ҳудуди 1 соат суҳбат кардаст.
Умед Бобозода гуфт, ки рӯзноманигорон ва блогерон аз вазъи нигоҳдорӣ шикоят накардаанд ва танҳо як дархост намуданд, ки ба бозбинии парвандаашон рабт дошт.
“Мо ин дархости онҳоро гирифтем ва ба ниҳодҳои масъул оид ба бозбинии парвандаи онҳо дархости расмӣ равон кардем. Вале то ба ҳол посухи ин дархост наомадааст. Мо пайгирӣ мекунем”, - изҳор дошт Умед Бобозода.
Ӯ гуфт, дар умум, соли гузашта, яъне соли 2023, бо рӯзноманигорону блогерони зиндонии тоҷик 4 маротиба мулоқот ва суҳбат кардааст. Аммо тафсилоти боздидҳои дигарашро ироа накард.

Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир чандин рӯзноманигор ва блогери тоҷик боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.
Нахуст, Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзӯъҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, боздошт ва ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.
Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддиаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ муттаҳам дониста шуд ва 7,5 сол равонаи зиндон гардид.
Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дигари тоҷик низ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон шуд.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, бо моддаи 307, иловаи 1 (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм) муттаҳам ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 7 сол равонаи зиндон шуд.
Хуршед Фозилов, рӯзноманигори дигари тоҷик бошад, бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ 7 сол равонаи зиндон шудааст.
Муҳокимаи парвандаи ҳамаи онҳо пушти дарҳои баста ва бе ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон дар СИЗО баргузор шуд.
Худи рӯзноманигорон иттиҳоми эълоншударо рад кардаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пайваста боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста