Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон бештар аз 10 ҳазор га замин ба шаиркатҳои хориҷӣ барои кишти пахта ба иҷора дода шуда аст.
Музафар Мирзозода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин заминҳо ба хотири ҷалби сармоягузорӣ ба ширкатҳои хориҷӣ ба муҳлати дароз иҷора дода шудааст.
“Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон - Данғара, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ёвон ва Кӯшониён заминҳои обӣ дар майдони 10 ҳазору 53 га барои кишти пахта ба ширкатҳои хориҷӣ ба иҷора дода шудааст. Ҳамчунин, ба як ширкати русӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки тасмим гирифтааст корхонаи коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ созад, 1 ҳазору 894 га замин ҷудо карда шудааст. Ин ширкат ширкати зертобеъи худро бо номи ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” дар нозироти андоз ба қайд гирифтааст”, - гуфт Музаффар Мирзозода.

Ӯ зикр кард, ки баъди сохтмону ба истифода додани корхонаи коркарди пахта, аз ҷумла ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” ҳазорҳо ҷойи кори нав барои мардуми маҳаллӣ муҳайё мешавад.
Бояд гуфт, ки аксари ин ширкатҳо муштарак буда, бо сармояи сармоягузорони чинӣ таъсис ёфтаанд. Бузургтарини ин онҳо “Ҷунтай Хатлон синсилу”, “Ҷунтай Данғара синсилу” ва “Водии зарин” мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста