Падари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” гуфтааст, як писари дигараш аз соли 2016 барои сафар ба Сурия бо иттиҳоми "терроризм" таҳти пайгард қарор дорад.

Худи Далерҷон Мирзоев ду рӯз пеш аз ҳодиса ба модараш занг зада, гуфтааст, 24-уми март ба Тоҷикистон бармегардад.

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ва боздошти Далерҷон Мирзоев, мақомоти тоҷик ҳамаи пайвандони ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд. Баъдтаро падар ва ҳамсари Далерҷон Мирзоев раҳо шудаанд.

Радиои Озодӣ бо Бароталӣ Мирзоев, падари Далерҷон Мирзоев суҳбат кардааст.

Бароталӣ Мирзоев ба ин расона гуфтааст, писараш дар моҳи октябри соли гузашта барои кор ба Русия рафт ва таксӣ меронд ва 20-уми март, ду рӯз пеш аз ҳодиса, ба модараш занг зада, гуфтааст, ки ба Тоҷикистон бармегардад.

“Ӯ рӯзи бистуми март ба модараш занг зад ва гуфт, ки кораш хуб нест ва рӯзи 24-уми март ба Тоҷикистон бармегардад. Ҳеч чизи шубҳаоваре дар рафтораш дида намешуд”, - гуфтааст Бароталӣ Мирзоев.

Бароталӣ Мирзоев гуфтааст, вақте аз мақомоти Тоҷикистон ба ӯ занг задаанд, фикр кардааст барои писари дигараш аст, ки ба Сурия рафта будааст.


“Аз Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД (УБОП) занг заданд. Фикр кардам, ки дар бораи писарам Равшанҷон аст. Вақте гуфтанд барои Далерҷон аст, ҳеч боварам наомад. Вай ин корро ҳеч гоҳ накардаст. Автоматро қапида наметавонад, ҳатто хидмат накардаст. Вай бо бародараш, ки дар ҷустуҷӯ буд, тамос ҳам надошт”, - нақл кардаст Мирзоев.

Ӯ гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 23-юми март падару модар, бародар, ҳамсар ва хушдомани Далерҷон Мирзоевро барои бозпурсӣ бурда буданд. Рӯзи 27-уми март падару ҳамсарашро раҳо кардаанд, чун ҳарду бемор ҳастанд, вале бародару модар ва хушдоманаш ҳанӯз дар бозпурсӣ қарор доранд. Мақомот шарҳе надодаанд.

Бароталӣ Мирзоев гуфтааст, онҳоро асосан муфаттишони тоҷик бозпурсӣ карданд. Пештар гузориш расида буд, ки як ҳайати маъмурон аз Русия барои суолу ҷавоб бо хонаводаи гумонбарон ба Душанбе омадаанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, бародари Далерҷон, Равшанҷон Мирзоев дар феҳристи афроди таҳти пайгард зикр шудааст. Як манбаъ дар мақомоти маҳаллӣ ба ин раасона гуфтааст, чаҳор сол пеш хабари кушта шудани Равшанҷон Мирзоев расида буд.

Ҳамдеҳагони ӯ гуфтанд, Далерҷон то рафтанаш ба Маскав чандон мазҳабӣ ба назар намерасид. Ӯ дар хонавода фарзанди сеюм буда, чор фарзанд, аз ҷумла як дугоник дорад. Хонааш ҳам дар наздикии манзили падараш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир будааст.

Ин оила ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, бо сабаби рафтани Равшанҷон Мирзоев, бародари Далерҷон ба Сурия солҳо зери назорат қарор доштанд ва мақомот зуд-зуд ба хонаи онҳо омада, бо пайвандонашон суҳбат мекарданд.

Чор гумонбари аслии ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"

“Равшанҷон ҳашт сол пеш ба Сурия рафта буд. Ин хонавода ҳамчун хонаводаи осебпазир зери назари мақомот буд ва доим бо онҳо суҳбат мешуд. Аз Равшанҷон ҳеч хабаре нашуд ва ду сол пеш ҳамсараш шавҳар кард. Ин хонавода бисёр эҳтиёт мекарданд ва дар рафторашон нишонаи мазҳабӣ будан ба назар намерасид”, - гуфтааст як тан аз ҳамсоягони онҳо.

Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл" аст. Мақомоти Русия мегӯянд, ӯро дар Брянск боздошт карданд.

Дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки иддао мешавад, лаҳзаи боздошти Далерҷон Мирзоев аст, ӯро аз болои як дарахт ба поин фароварда ба дастонаш завлона мезананд. Замони боздошт ӯ бо тарҷумон суҳбат мекард, ҳарчанд наздиконаш мегӯянд, ӯ русиро медонист.

Ғайр аз ӯ се нафари дигар - Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳамаи онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Дар умум, Хадамоти бехатарии федеролӣ аз боздошти 11 нафар дар робита ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буд.

Ғайр аз ин чор нафар гумонбарони асосӣ, се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 28-уми март хабар дод, ки боз як нафари дигарро барои маблағгузории ҳамла боздошт кардааст ва ӯ бо “миллатгароёни украинӣ” робита дорад. Ҷузъиёти дигар ироа намекард.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.