Юрий Поносов, собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, собиқ шаҳрдори Душанбе дар дохили мошини ёрии таъҷилӣ дар роҳ ба бемористон даргузашт. Дар ин бора ба оҷонсии хабарии “Regnum” аз қавли як манебаъаш хабар додааст.

Манбаъ гуфт, Паносови 83-сола рӯзи 20-уми апрел дар шаҳри Маскав бемор шуд ва наздиконаш мошини ёрии таъҷилиро даъват карданд. 

“Аммо ӯ ба беморхона нарасида, дар роҳ дар дохили мошини ёрии таъҷили ҷон дод. Сабаби  марги ӯ, норасоии кори дилу рагҳо аст”, - гуфтааст манбаъ.

Поносов Юрий Филимонович 24-уми марти соли 1941 таваллуд шудааст. Ходими ҳизбиву давлатии Тоҷикистон, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва вакили Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ интихоб шуда буд.

Поносов аз соли 1990 вазири сохтмони Тоҷикистони Шӯравӣ буд ва баъди эълони истиқлолияти кишвар дар мақом монд.

Ӯ солҳои 1994-1996 раиси ҳукумати шаҳри Душанбе буд.

Соли 1996 Юрий Паносов муовини аввали нахуствазири кишвар шуд ва ду сол дар ин мақом кор кард.

Дар соли 1998 ба Маскав кӯчид ва дар он ҷо сардори шӯъбаи корҳои Кумитаи давлатии сохтмони Русия шуд.

Барои меҳнатҳояш бо ордени «Нишони фахрӣ» ва ду медал мукофотонида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.