Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар пайи дар мондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Саргарчини”-и Қазоқистон дар марзи Русия, Сергей Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба ВКХ даъват ва нигаронии худро дар робита ба ин ҳодиса иброз кард. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дирӯз, 25-уми апрели соли равон садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд, шикоят карданд, ки дар гузаргоҳи “Саргарчин”, дар сарҳади вилояти Урали ҷанубии Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондаанд. Маъмурони гузаргоҳи марзии Русия ба онҳо гуфтаанд, “система вайрон аст”, аммо шаҳрвандони дигар кишварҳоро иҷозаи вуруд додаанд.
Аз ВКХ Тоҷикистон гуфтанд, бо сафири Русия дар Тоҷикистон мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Ба мадди назари сафир (сафири Русия дар назар аст, муаллиф) нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд”, - гуфтанд аз ВКХ.
Ҳарчанд ин ниҳод аз ҳодисаи мушаххас ном набурд, вале ин мулоқот дар пайи нашри хабарҳо дар бораи мушкили вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия тавассути гузаргоҳи марзии “Саргарчин”-и Қазоқистон, ки 22-юми апрел оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, дастикам се муҳоҷири тоҷик бо ирсоли навор ва паёми савтӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз рӯзи 22-юми апрели соли равон ҳудуди 180 мошини ҳомили қариб 1000 муҳоҷири тоҷик, ки миёни онҳо занону кӯдакон зиёданд, дар гузаргоҳи “Саргарчин” дармондаанд ва маъмурони рус барои вориди Русия шудани онҳо монеа эҷод мекунанд.
Маъмурони рус ҳар як тоҷикро дар алоҳидагӣ ва мӯшикофона тафтишу бозпурсӣ карда, телефонҳояшонро кофтуков менамоянд.
Маъмурони гузаргоҳ ба шаҳрвандони Тоҷикуистон гуфтаанд, кӯдакони то 14-сола ва шахсони аз 60-сола боло метавонанд бенавбат вориди Русия шаванд, дигарон бояд дар навбат истанд.
Ба “Азия-Плюс” муаяссар нашуд, ки бо шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки дар гузаргоҳи “Саргарчин”-и Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондаанд, имрӯз, 26-уми апрел, такроран тамос гирад ва аз ҳоли онҳо пурсон шавад.
Русия то ҳол сабаби маҳдудияти шадидро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гузаргоҳи сарҳадӣ шарҳ надодааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста