Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷангу Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 24 нафар боқӣ мондаанд, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тақрибан 50 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 40 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Ин маблағро аллакай Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба яке аз иштирокчиёни ҶБВ супоридааст.

Раисони шаҳру Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои иштирокчиёни ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигаӣ мекунанд, аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд.

Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба 3 иштирокчии ҶБВ, ки дар Душанбе боқӣ мондаанд, 30 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, ки ба ҳар яке 10 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар ин бора дар Телеграм-канали шаҳрдории Душанбе хабар нашр гардид.

Ҳукумати вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни ҶБВ 7 ҳазор сомонӣ ва ба ҳар кадом коргари ақибгоҳ 4 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

То ҳол дар вилояти Суғд 6 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондаанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.

Давлатаӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аллакай зимни дидорбинии яке аз иштирокчиёни 104 солаи ҶБВ Алиев Зайнулло аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ 40 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи вилоят 5 ҳазор сомонӣ туҳфа кардааст.

Давлатаӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни дидорбинии яке аз иштирокчиён ҶБВ Алиев Зайнулло
Акс аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон то имрӯз 10 нафар иштирокдорони ҶБВ дар қайди ҳаёт мондаанд, ки ҳамагӣ аз 100 сола болоанд.

Ҳамчунин, ба ғайр аз кӯмак аз ҳисоби раисҷумҳур ва раисони ҷилоят ҳамчунин, раисони шаҳру навоҳӣ низ ба иштирокчиёни  ҶБВ, ки дар шаҳру навоҳиашон зиндагӣ мекунанд, кумакҳои молӣ расонида мешавад.

Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ, ки то ҳол 5 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондаанд, аз ҳисоби ҳукуматҳои маҳаллӣ низ маблағҳо ҷудо гардаданд, вале ҳаҷми онҳо маълум нест.

Дар ВМКБ аз иштирокчиёни ҶБВ касе боқӣ намондааст.

Бояд гуфт, ки то 30-юми апрел дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ монда буданд.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ, соли гузашта собиқадорон 43 нафар буданд, лекин ба иттилои ВАО, теъдоди онҳо 37 нафар зикр мешуд.

Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 - 168 нафар, соли 2021 - 98 нафар ва соли 2022 - 59 нафарро ташкил медод.

“Дар зарфи 19 сол 9 ҳазору 875 собиқадори ҷанг вафот карданд”, - хабар дода буданд қаблан дар Шӯро.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.