Оҷонсии зиддифасод бо нашри як иттилоия гуфт, Абдулоиқ Саидов, муассис ва роҳбари ҶДММ “Лоиқ” моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмони бинои дуошёнаи ошхонаи Маркази миллии тестӣ (ММТ) 142 ҳазору 693 сомонӣ маблағи буҷетро тасарруф кардааст.

Ӯ ин маблағро бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда, барои иҷрои барзиёди кор ҳуҷҷати қалбакӣ омода ва ба роҳбарияти ММТ пешниҳод кардааст.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Абдулоиқ Саидов “нақшаи ҷинояткорона”-и тасарруфи маблағҳои буҷетиро пешакӣ таҳрезӣ карда буд.

“Бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳои ҷиноятиаш худи ҳамон вақт санади иҷроиши корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодабарии минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ пешниҳод кард”, - омадааст дар хабарномаи Оҷонсии зиддисасоди кишвар.

Ин ниҳод мегӯяд, насбати Абдулоиқ Саидов ва шариконаш барои азхудкунӣ ё моддаи 245 қисми 3 банди “а” ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ё моддаи 340 қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба додгоҳ исрол шудааст. Дар бораи шарикони Саидов маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё не.

Назари худи Абдулоиқ Саидов ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.