Дар 10 рӯзи аввали мавсими баҳории даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ нақшаи даъват 50 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, бо оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд..
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар даҳ рӯзи аввал нақшаи даъват 55 дарсад иҷро шудааст: то кунун ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод нақшаи пешбинишударо 100 дарсад ба анҷом иҷро кардаанд.
Дар вилояти Хатлон иҷрои нақша 62 дарсадро ташкил медиҳад: дар ин вилоят то ба ҳол ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Мӯъминобод ва Носири Хусрав аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон гузориш доданд.
Вилояти Суғд (36 дарсад) нисбатан камтар ва шаҳри Душанбе (30 дарсад) аз ҳама кам нақшаи даъватро иҷро кардаанд.
Умуман, аз 1 то 10-уми апрел иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 50 дарсадро ташкил карда, наздики 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.
Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.
Ғайр аз ин, имсол дар Душанбе шеваи нави “сарбозшикор”-ро пеш гирифтаанд: чандин нафар ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки онҳоро дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт иҷборан ба маршруткаи берақам бор карда, дар бораи хидмати ҳарбӣ кардан ва ё накарданашон пурсон мешаванд.
Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд. Вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир надодааст.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
“Бе ноноварони хона зиндагӣ душвор аст”. Аз қазияи пурсарусадои “ҷанҷол бо милисаҳо дар Истаравшан” як сол гузашт
Ҷаҳон ҳамлаи охири Исроил ба Рафаҳро маҳкум кард. Нетаняҳу онро “иштибоҳи ғамангез” унвон кард
“Самбӯсаи косагӣ”. Дар куҷо ва бо чӣ қимат метавон пайдо кард?
Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст
“Ҳуҷҷату хона надорем, куҷо худро дар қайд гузорем?”. Боздошту ҷаримаи шахсони бесарпаноҳ дар Суғд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста