Тоҷикистон ба аҳолии аз сел осебдидаи Қазоқистон кумаки башардӯстона мефиристад. Вазни умумии кумак беш аз 3,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Кумакҳои башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ, сару либос, лавозимоти тиббӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар колоҳои зарурӣ тавассути 61 вагони қатора ва 13 автомашина равон карда шуд.
“Кумаки башардӯстона чун тадбири фаврӣ омода гардида, аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагону 13 мошини боркаш ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромад”,- гуфтанд аз КҲФ.
Кумакҳоро Рустам Назарзода, раиси КҲФ ҳамроҳӣ мекунад ва пагоҳ, 20-уми апрел, дар шаҳри Сариагаши Қазоқистон ба масъулини ин кишвар месупорад.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Ҷумҳурии Қазоқистон 4870 бинои истиқоматии сокинони ин минтақаҳо зери об монда, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти зиёд расид.
Ҳоло дар минтақаи офатзада бартараф намудани оқибатҳои обхезӣ, инчунин тадбирҳои зидди обхезӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ идома доранд.
Аз оғози обхезӣ 117 ҳазору 694 нафар, аз ҷумла 43 ҳазору 931 ҳазор кӯдакон наҷот дода шуданд. 6887 нафари дигар дар минтақаҳои обхезӣ боқӣ мондаанд.
Бар асари обхезӣ, ки моҳи март шурӯъ шуд, дар ҳашт минтақаи Қазоқистон вазъияти изтирории маҳаллӣ боқӣ мемонад. Дар амалиёти наҷот 44 ҳазор нафар, беш аз 4,6 ҳазор техника ва 18 ҳавопаймо ширкат доранд, хабар медиҳад ТАСС.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста