Дар ин бора созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) имрӯз, 30-юми апрел, ба имзо расид. Созишномаро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Одил Рено-Бассо, президенти БАТР, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, имзо карданд.
Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, ин роҳи дусатҳа бо 28 млн 450 ҳазор евро қарзи БАТР сохта мешавад.
“Ҳадафи татбиқи созишномаи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» ин баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои болозикр, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад”,- гуфт шудааст дар хабари Вазорати молия.
Муҳлати оғози сохтмони роҳи дуқабата гуфта нашудааст.
Дар баробари ин созишнома ҳамчунин байни Тоҷикистон ва БАТР созишномаи қарзии лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод” ба имзо расид, ки мақсади он барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия мебошад.
Маблағи лоиҳаи мазкур 1 млн 350 ҳазор евроро ташкил намуда, аз ҳисоби маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои пӯшонидани норасогии маблағ дар татбиқи лоиҳа равона мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста