Ҳаракати мошинҳо дар роҳи кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт тақрибан се моҳ баста мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри як қарори дахлдори шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дод.
Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ин роҳ бо сабаби таъмир баста мешавад.
“Дар кӯчаи Шамсӣ (аз хиёбони Б.Ғафуров то хиёбони А.Сино) аз 29 майи соли 2024 то 20 августи соли 2024 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад”, - омадааст дар қарори шаҳрдор.
Дар асоси қарор Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе масъул шудаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.
“Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад”, - омадааст дар қарор.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовини шаҳрдори Душанбе гузошта шудааст.
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста