Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар барои ронандагони Тоҷикистон таваққуфгоҳҳо ва хидматрасониҳои дигари ройгонро пешниҳод мекунад. Дар ин бора байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сомонаи Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки Маркази байналмилалии логистикии шаҳри Қошғар ҳангоми ба амал омадани мушкилот, аз ҷумла фиреб хӯрдан аз ҷониби ширкатҳои боргуселкунанда, ширкатҳои миёнарав, ба охир расидани муҳлати раводид, ғалат ва бо хатоҳои техникӣ ба расмият даровардани бор ва бемор шудани ронандаҳои тоҷик кумакҳои аввалиндараҷаи ройгон, аз ҷумла ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.
"Тарафҳо дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва соддагардонии раванди ҳамлу нақли бор ҳамкориро ба роҳ монда истодаанд",-қайд мекунанд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, марказ инчунин ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои интиқоли бор, пешниҳоди хизматрасониҳо ба ронандагони тоҷик, аз ҷумла таъмини хизматрасониҳои боркунию борфарорӣ, таъмин кардани воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон бо бор дар шаҳри Қошғар ба таври имтиёзнок мусоидат менамояд.
Маркази байналмилалии логистикии Ҷинлида дар шаҳри Қошгар дар марз бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ҷойгир аст ва аз ин рӯ, пеш аз ҳама, ба ҳамлу нақли бор дар ин самт хизмат мерасонад ва ба рушди тиҷорати осиёӣ мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста