Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор кӯдаку наврас дар таътили тобистонаи имсола ба истироҳатгоҳ ё “лагер”-ҳои тобистона мераванд, ки ин нисбат ба соли гузашта 56 ҳазору 747 нафар камтар мебошад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, соли ҷорӣ барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 4,5 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои истироҳати кӯдакон соли гузашта 3,8 млн сомонӣ ва соли 2022-юм 3,6 млн сомонӣ ҷудо шуда буд.
“Маблағҳои мазкур дар мадди аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва хонандагони фаъолу боистеъдод пешбинӣ карда шудаанд”,-гуфтанд аз Вазорати маориф ва илм.
Дар вилояти Суғд 30 ҳазору 450 хонанда ва дар вилояти Хатлон 191 ҳазору 290 хонанда ба истироҳатгоҳҳои тобистона мераванд. Инчунин, аз шаҳри Душанбе 3792 хонанда ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ мераванд.
Дар маҷмуъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 57 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 20 адади он дар тобеияти шуъбаҳои маориф ва 5 адад дар тобеияти Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм мебошанд.
Хотиррасон мекунем, ки соли 2023 дар 3318 истироҳатгоҳ 256 ҳазору 747 кӯдаку наврас ба истироҳат ҷалб шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста