Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешин Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба парлумон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар назди вакилон гуфт, ки Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди в парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

«Эҳтиромона ба самъи Шумо расонида мешавад, ки дар пешбурди Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмон ва дигарон бо моддаи 306 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад”, - гуфтааст Юсуф Раҳмон.

Ба гуфтаи додситони кул, тафтишот муайян кардлааст, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 бо телефон “бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст”.

“Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд”, - гуфтааст Юсуф Раҳмон.

Ба иттилои ӯ, Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

Ҳамчунин, Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

“Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун намоянд”, - гуфтааст Юсуф Раҳмон.

Ба иттилои додситони кул, рӯзи 12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шудааст. Дар бораи шахсони дигар хабар дода намешавад.

“Гуноҳи Усмонзода С.У. бо маводҳои парвандаи ҷииноятӣ, аз ҷумла нишондоди худиқрорӣ, яъне бо гуноҳи худ пурра иқрор будан, сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст”, - гуфтасаст Юсуф Раҳмон.

Юсуф Раҳмон аз вакилон дархост кардааст, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва татбиқ намудани чораи пешгирии дар намуди дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ ҳамчун вакил розигӣ диҳанд.

Вакилони парлумон розигии худро додаанд.

Боздошти Саидҷаъфар Усмонзода дар ҳоле сурат гирифт, ки давоми як моҳи охир ӯ аз роҳбарии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) барканор ва Шаҳбози Аброр раиси ин ҳизб интихоб шуд.  Саидҷаъфар Усмонзода, ба Вазорати адлияи кишвар “далелҳои иловагӣ" пешниҳод карда, хостори лағви қарори Вазорати адлия шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.