Ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёти барқӣ ё электромобилҳо вазифадоранд, ки рақами сабз гиранд. Чунин талабот дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли равон ҷорӣ гардидааст.
Дар ин бора имрӯз Рустам Мирзомуродзода, сардори БДА Тоҷикистон иттилоъ дод.
“Маблағи рақамҳои сабз аз рақамҳои оддӣ фарқ надорад ва он 380 сомониро ташкил медиҳад” – гуфт ӯ.
Аммо маълум нест, ки нақлиёти барқии аллакай рақами оддидошта барои дастрас кардани рақами сабз дигарбора маблағ пардохт мекунанд ё не.
Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш дар ВКД ба “Азия-Плюс” расман иттилоъ дода буданд, ки рақами сабз айни ҳол танҳо барои нақлиёти мусофиркаши барқӣ муқаррар шудааст.

Гуфта мешуд, ки тасмими мазкур дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026 роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Хадамоти гумрук воридоти нақлиёти барқӣ афзоиш ёфтааст.
“Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба кишвар 5 ҳазору 266 нақлиёти барқӣ ба маблағи умумии 76,4 млн доллари ИМА ворид гардидааст, ки ин 26,7% аз шумораи умумии автомобилҳои дохилшударо ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар ин давра, ба Тоҷикистон 19 ҳазору 742 воситаи нақлиёт ворид гардидааст”, - гуфтанд дар Хадамоти гумрук.
Мувофиқи маълумоти Хадамот, дар 6 моҳи аввали соли 2023 воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар 2%-и воридоти умумии воситаҳои нақлиётиро ташкил дода буд. Шумораи дақиқи нақлиёти барқии дар ҳамин давраи соли гузашта воридгардида маълум нест.
Дар умум, давоми соли 2023 ба Тоҷикистон 3 ҳазору 316 нақлиёти барқӣ ба мабалғи умумии 59 млн доллари ИМА ворид гардидааст. Яъне дар 6 моҳи соли ҷорӣ нақлиёти барқӣ нисбат ба 12 моҳи соли гузашта бештар ворид шудааст.
Қаблан, қарори шаҳрдории Душанбе дар хусуси то 1-уми сентябри соли 2025 пурра бо нақлиёти барқӣ хидматрасонӣ намудани ширкатҳои кирокашӣ содир шуда буд. Раванди гузариши нақлиёти ҷамъиятиро ба автомобилҳои барқӣ дар матлаби мо “Оё ширкатҳои таксӣ метавонанд дар муҳлати муқарраршуда ба электромобилҳо гузаранд?” мутолиа кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста